Июн 05, 2021 18:32 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии мардуми Олмон бо қурбониёни хурдсоли фаластинӣ дар ҷанги Ғазза

Гурӯҳе аз ҳомиёни мардуми Фаластин дар маҳкӯм кардани куштори кӯдакон дар ҳамалоти режими Исроил ба Ғазза, муқобили бинои порлумони Олмон дар Берлин таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши шабакаи тасвирии “Raptley”, гурӯҳе аз ҳомиёни мардуми Фаластин рӯзи ҷумъа дар ҳоле, ки тасовире аз қурбониёни хурдсоли фаластиниро дар канори макетҳои кӯчаке аз тобут, ки парчами Фаластин бар рӯи онҳо часбонда шуда буд, бар рӯи замини муқобили порлумон дар Берлин ба намоиш гузошта буданд, баёнияе дар маҳкӯмияти ин ҳамалот хонда шуд.

Дар пайи ҳамалоти 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ки аз 20 май оғоз шуд,  285 фаластинӣ шаҳид ва беш аз як ҳазору  900 тан захмӣ шуданд.

Таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза дар бомдоди 31 май пас аз 12 рӯз бо тақозои якҷонибаи Исроил ва миёнҷигарии бозигарони хориҷӣ поён ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп