Марги мағзи мутафаккири барномаи мушакии Исроил
(last modified Mon, 07 Jun 2021 04:09:35 GMT )
Июн 07, 2021 09:09 Asia/Dushanbe
  • Марги мағзи мутафаккири барномаи мушакии Исроил

Расонаҳои саҳюнистӣ рӯзи якшанбе аз марги Эви Ҳар Иван, мағзи мутафаккири барномаи мушакӣ ва раиси пешини Ожонсии ҳаво ва фазои режими саҳюнистӣ ба далели шиддати ҷароҳоти ворида хабар доданд.  

Ба гузориши Таймс Ов Исроил, Эви Ҳар Иван чаҳор ҳафтаи пеш дар тӯли посухи муборизони фаластинӣ ба таҷовузҳои нерӯҳои ишғолгари Қудс дар шаҳри ишғолии Ико ҳангоме, ки дар ҳотеле иқомат дошт, ба шиддат маҷрӯҳ шуд.

Эви Ҳар Ивани 84 сола дучори сӯхтагии шадид шуд ва дуди зиёде танаффус кард.

Вай аз замони интиқолаш ба бемористони Ҳайфа беҳуш буда ва бо кумаки дастгоҳи танаффусӣ танаффус мекард.

Ҳар Иван дар тӯли фаъолиятҳои тӯлонии худ дар артиши режими саҳюнистӣ силоҳҳои пешрафтаро вориди ин артиш кард.

Пас аз бознишаста шудан аз артиш вай дар соли 1982 ба хизмати саноеи ҳаво ва фазои режими саҳюнистӣ даромад ва мӯшакандози Шавити режими саҳюнистиро тавлид кард. Вай байни солҳои 1995 то 2004 раёсати Ожонсии ҳаво ва фазои режими саҳюнистиро бар уҳда дошт.