Июн 07, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани беш аз 300 ғайринизомии афғон дар моҳи майи 2021

Беш аз 300 ғайринизомии дар моҳи майи 2021 бар асари ҳамалоти террористӣ, ҷангу даргирӣ кушта шуданд .

Муҳаммад Наим Назрӣ, муовини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон якшанбе дар нишасте ба муносибати солрӯзи таъсиси ин комиссия эълом кард, аз байни 301 ғайринизомии афғон, 20 зан ва 113 кӯдак буданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин муддат, 695 ғайринизомии афғон низ захмӣ шуданд.

Назрӣ бо ишора ба афзоиши себаробарии ин омор нисбат ба моҳи апрел афзуд, куштори ғайринизомиён аз ҷумлаи ҷароими байналмилалист, ки омилони он дар ҳар замоне ва дар ҳар нуқтаи ҷаҳон мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.

Афзоиши куштори ғайринизомии афғон дар ҳолест, ки Амрико ҳамвора бо ҳузури низомӣ ва дахолат дар музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон, омили аслии ба натиҷа нарасидани ин музокирот барои поёни ҷангу даргирӣ маҳсуб мешавад.

Бештар бихонед:

Вокуниши Толибон ба гузориши БМТ дар бораи куштори ғайринизомиёни афғон

 

 

 

Барчасп