Табъизи ҷаҳонӣ дар тавзеъи ваксинаи корона
Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, 44 дарсад аз ваксинаҳои коронаӣ тавлид шуда дар ҷаҳон ба шаҳрвандони кишварҳои сирватманд тазриқ шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши СММ фақат 14 дарсад аз ваксинаҳои тавлид шуда дар ҷаҳон ба шаҳрвандони кишварҳои фақир тазриқ шудааст .
Созмони милал бар асоси иттилооти Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ноумедкунандатар аз омори нобаробарии тавзеъи ваксина, тадовуми ин раванд буда ба тавре, ки барои моҳҳо ҳеч тағйире дар ин дастрасӣ ба ваксина ҳосил нашудааст.
Эътирозҳои раҳбарони ҷаҳон барои тавзеъи одилонаи ваксина ва тасовири қабристонҳои мамлув аз фавтиҳои ҷадид дар Африқо то ҷанозасӯзиҳои беморони коронаӣ дар Ҳинд, ҳаргиз аз ҳофизаи таърихии қарни 21 пок нахоҳад шуд.
СММ дар ҳоле омори 110 баробарӣ аз ихтилофи дастрасӣ ба ваксинаро эълом мекунад, ки таваққуъ аз ин созмон ба унвони олитарин ниҳоди байналмилалӣ фаротар аз гиламандӣ барои ироаи ин даст иттилоот аст. Аз онҷо ки сулҳу амнияти байналмилалӣ, адолати иҷтимоӣ, риояти ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ аз аҳдофи олии Маншури Созмони Милали Муттаҳид аст, интизор меравад ин ниҳод фаротар аз «ибрози нигарониҳо» ба сӯрати амалӣ ва айнӣ иқдом кунад.
Бештар бихонед: