Июн 10, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • Михаил Улянов-сафир ва намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена
    Михаил Улянов-сафир ва намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена

Дипломати баландпояи Русия дар нишасти Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо ишора ба гузориши ахири мудири кулли ин ожонс дар бораи иддаои кашфи зарраҳои уран дар Эрон тасреҳ кард, ки ин масъала марбут ба гузаштаву таҳдиде алайҳи низоми манъи густариши силоҳҳои атомӣ ба шумор намеравад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов-сафир ва намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена имрӯз ( панҷшанбе ) бо эроди суханоне дар нишасти шӯро аз Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ хост, то ба сатҳи оддии ҳамкорӣ бо Эрон бозгардад .

Вай бо баёни инки гумоназаниҳои сиёсӣ ва фишорҳои хориҷӣ роҳ ба ҷое намебарад, тасреҳ кард : Бояд барои ҳалли масоили боқимонда ( миёни Эрону Ожонс ) пеш аз онки  мунҷар ба буҳрони дигарӣ шавад, роҳи ҳал пайдо кард .

Ин дипломати рус ҳамчунин аз талошҳои мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ барои тадовуми гуфтугуҳо бо Эрон қадрдонӣ ва тасреҳ кард, ки ин равиш калиди ҳалли масоили боқимонда аст . Барои Эрон ҳам ба гуфта ӯ итминон аз ҳамкорӣ ва шаффофсозӣ бо ожонс дар ростои хориҷ кардани масоили боқимонда аз дастури кори шӯрои мудирон дорои аҳамият аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп