Июн 17, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ошуб дар Берлин; захмӣ шудани 60 нерӯи амниятии Олмон

Дар ҷараёни даргирии миёни гурӯҳҳои чапи ифротии Олмон бо нерӯҳои амниятӣ дар Берлин камаш 60 нерӯии амниятӣ захмӣ шуданд ва хиёбонҳои шаҳр ба саҳнаи ошӯб табдил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳудуди 200 тарафдори ниқобдори гурӯҳи  « Ригаир 94 » талош карданд аз боздиди коршиносони амниятӣ аз хонае, ки дар   Берлин-пойтахти Олмон таҳти ишғоли гурӯҳҳои чапи ифротӣ даромада ва ба маркази баргузории ҷаласаҳои чапгароёни ифротӣ табдил шудааст, ҷилавгирӣ кунанд .
Хонаи шумораи 94 хиёбони Ригаир дар Берлин, яке аз марказҳои маъруфи чапҳо дар саросари Аврупо аст, ки дар он ҷаласотеро баргузор мекунанду борҳо мақомҳои давлати Олмон барои таътилии ин хона талош кардаанд .
Гурӯҳҳои чапи ифротии Берлин бо истифода аз ашёе барои худ сангар эҷод карданд ва ба самти нерӯҳои полиси сангу зарфҳои пластмаси партоб карданд . Тасовири видеоии мунташиршуда ، афроди нқобдорро дар ҳоли шиллеки гулулаҳои дудзо ва сангу зарфҳои пластмаси ба самти нерӯҳои амниятӣ нишон медиҳад . Муътаризон ҳамчунин дар хиёбонҳои Берлин оташ равшан кардаанду сатилҳои партовро дар оташ сузондаанд .
Нерӯҳои полиси Олмон низ бо истифода аз мошинҳои обпош ба самти муътаризон  оби бо фишори бисёр қавӣ мепошанд .
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш карданд дар натиҷаи даргирии миёни нерӯҳои амниятӣ ва тарафдорони гурӯҳҳои чапи ифротии Олмон дар пойтахти ин кишвари аврупоӣ дасти кам 60 маъмури полис захмӣ шуданд ва зоҳирани як нафар аз муътаризон дар робита бо ин ҳамалот боздошт шудааст .

 

Барчасп