Июн 18, 2021 08:27 Asia/Dushanbe
  • Иттилоъияи сафорати Эрон дар Чин дар бораи маҳалли сандуқҳои раъйи интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ

Сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Чин бо интишори иттилоъияе маҳалли сандуқҳои раъйи сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар Чинро мушаххас кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Чин бо интишори иттилоъияе эълом кард: Сандуқҳои овоздеҳии сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар шаҳрҳои шаҳрҳои Пекин, Гуанҷу, Шанхай ва Гонконг барпо шудааст . Консулгариҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Чин аз эрониҳои муқими ин кишвар хостанд ба ин 4 ҳавза муроҷиат кунанд .
Сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон соъати 7 субҳи рӯзи ҷумъа ба вақти Теҳрон оғоз шуд .
Интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон ҳамзамон дар 101 кишвар ва 450 шуъба дар хориҷ аз Эрон баргузор мешавад .Ҳамзамон бо сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ, шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳои Эрон низ имрӯз баргузор мешавад .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп