Кашфи доруи нав барои беморони мубтало ба навъи шадиди корона
Дорусозону донишмандон доруи наверо барои беморони мубтало ба навъи шадиди корона кашф карданд.
Ба гузориши “Спутник”, ин доруи нав бисёре аз беморони коронаиро аз марги ҳатмӣ наҷот медиҳад.
Ин доруи ҷадид ва гаронқимат омехтае аз ду навъи антибодӣ аст, ки дар озмоишгоҳ ба даст меояд ва дохили раг тазриқ мешавад.
Озмоиши барномаи ҷустуҷӯи доруи корона дар Англия мавсум ба Recovery trial нишон додааст, ки ин равиш ба дармони як сеюми беморони мубтало ба навъи шадиди корона дар бемористонҳо кумак мекунад.
Ин дору муташаккил аз антибодиҳои моноклонол (шабеҳсозишуда аз як ҳуҷайра) - ро ширкати амрикоии “Regenoron” сохта аст ва ҳудуди 1400 то 2800 доллар қимат дорад.
Устоди пизишкӣ ва эпидемиологӣ дар донишгоҳи Оксфорд мегӯяд, бо ин дору фақат касонеро метавон дармон кард, ки бадани худи онҳо антибодӣ барои мубориза бо вируси корона тавлид накарда бошад.
Доруи ҷадид хатари марги беморони мубтало ба навъи шадиди коронаро ҳудуди як панҷум коҳиш медодааст.
Бештар бихонед:
- Эрон дар ҷамъи бузургтарин тавлидкунандагони ваксинаи корона дар дунё
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид - 19 СҶТ
- Эрон дар ҷамъи бузургтарин тавлидкунандагони ваксинаи корона дар дунё