Октябр 30, 2016 16:45 Asia/Dushanbe
  • Русия иттилооти куштори ғайринизомёни ироқӣ аз суи Амрикоро мунташир кард

Русия эълом кард, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои эътилофи амрикоӣ ба манотиқи ғайринизоми Ироқ дар рӯзҳои ахир, даҳҳо нафар кушта ва шумори зиёде маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши ИТАР-ТАСС, генерал Игор Коношенко, сухангӯи Вазорати дифои Русия, гуфт, дар бомбаборони шаҳри Мӯсил бо ҷамъияти беш аз як миллион нафар аз суи ҳавопаймоҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико, шуморе аз сокинон кушта ва чандин нафар низ маҷрӯҳ шуданд.

Сергей Рудской раиси идораи аслии амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия низ рӯзи шанбе гуфт, рӯзи 24 октябр бар асари ҳамлаи мушакӣ ва бомбаборони ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба минтақа “Tal keif” дар 14 километрии шимоли Мӯсил як мадраса вайрон шуд, ки дар натиҷаи он шумори зиёде аз донишомӯзон ва муаллимони ҷони худро аз даст доданд ва теъдоде низ маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи Рудской, пеш аз он низ дар 22 ва 23 октябр ҳавопаймоҳои амрикоӣ якчанд манотиқи Ироқро бомбаборон карданд, ки ин ҳамалот дар маҷмӯъ дастикам 60 кушта ва 200 захмӣ барҷой гузошт.

Генерал Рудской аз Амрико хост, ба ваъдаи худ барои пайгирии куштори мардуми Ироқ ва таҳқиқ дар бораи иртикоби ҷиноёти ҷангӣ амал кунад.