Карзай: Амрикоиҳо дар Афғонистон нанг ва фоҷиа боқӣ гузоштанд
Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон мегӯяд, ки мероси амрикоиҳо дар кишвараш ҷуз як миллате нест, ки бар асари ҷанг нобуд шудааст ва ин нанг ва фоҷиа аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон (Ово ) , Ҳомиди Карзай, гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш 20 соли пеш ба баҳонаи муқобила бо ифротгароӣ ва барқарории субот ба Афғонистон омад, аммо ифротгароӣ имрӯз ҳамчунон дар болотарин сатҳ қарор дорад, аз ин рӯ онҳо шикаст хӯрданд.
Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон афзуд, адами ҳузури нерӯҳои хориҷӣ (ишғолгарон ) барои мардуми афғон беҳтарин аст ва бояд худамон аз кишварамон дифо кунем ва ба зиндагиамон иҳтимом биварзем, намехоҳем ин сахтиро идома диҳем ва таъкид дорам, ки барои Афғонистон беҳтар аст нерӯҳои хориҷӣ бираванд.
Карзай таъкид кард, ҳамлаи низомии Амрико ва эътилофи НАТО алайҳи ифротгароӣ ва тероризм набуд, балки ҳамлаи бештар алайҳи рустоҳои афғон ва омоли онҳо буд, чунки Амрико дар Афғонистон зиндонҳое сохт, ки бештари мардуми афғон дар онҳо ҳабс буданд ва ин иштибоҳ бузурге буд.
Ово дар поён менависад, Карзай, ки тайи 13 соли ҳукуматаш равобити ибҳомангез ва мутаноқизе бо Амрико дошт, дар идома гуфта, Вашингтон мехоҳад нерӯҳояшро хориҷ кунад, афғонҳо ҳам пушти тамоюли қотеъ ба сулҳ, муттаҳид ҳастанд ва акнун ниёз доранд масъулияти ояндаашонро бипазиранд.
Бештар бихонед: