Коҳиши хариди нафти Арабистон аз тарафи Чин
Чин дар моҳи июн хариди нафт аз Арабистони Саудиро коҳиш дод.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, бар асоси оморҳои идораи кулли гумруки Чин, ин кишвар дар моҳи июн - дар қиёс бо моҳи май - 21 дарсад камтар аз Арабистон нафт харидорӣ кардааст. Гумруки чинии харидори нафт шуда аз Арабистонро 7 миллиону 200 ҳазор тонна ( 1 миллиону 690 ҳазор бушка ) эълом кард.
Чин дар моҳи апрел 6 миллиону 470 ҳазор ва дар моҳи май 9 миллиону 160 ҳазор бушка нафт аз Арабистон харидорӣ карда буд.
Чиниҳо хариди нафт аз Имороти муттаҳидаи Арабиро низ коҳиш додаанд. Хариди нафти Иморот дар моҳи июн нисбат ба моҳи қабл, 25 дарсад коҳиш доштааст.
Амрико низ бо баҳрабардорӣ аз таҳримҳое, ки ба Венесуэла таҳмил кардааст, дар моҳи июн фурӯши нафт ба Чинро 100 дарсад афзоиш дод.
Амрикоиҳо дар ин моҳ 1 миллиону 70 ҳазор бушка нафт ба Чин фурӯхтааст.
Бештар бихонед: