Ҳомилагии боварнакардании як кӯдаки сесола дар Перу
https://parstoday.ir/tg/news/world-i69388-Ҳомилагии_боварнакардании_як_кӯдаки_сесола_дар_Перу
Дарди сутунмӯҳра, шиками калон, тағои варам, рӯйи тобнок, мӯи тунук ва тобнок ва хоҳиши қавии хӯрдан ин ҳама нишонаҳои ошкорои ҳомиладорӣ мебошанд. Қариб ҳамаи занон ин аломатҳоро ҳангоми ҳомиладорӣ эҳсос мекунанд. Аммо баъзан нишонаҳои аҷиб ё ҳодисаҳои аҷибе дар ин маврид рух медиҳанд, ки даҳони инсон аз шунидани онҳо боз мемонад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 24, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳомилагии боварнакардании як кӯдаки сесола дар Перу
    Ҳомилагии боварнакардании як кӯдаки сесола дар Перу

Дарди сутунмӯҳра, шиками калон, тағои варам, рӯйи тобнок, мӯи тунук ва тобнок ва хоҳиши қавии хӯрдан ин ҳама нишонаҳои ошкорои ҳомиладорӣ мебошанд. Қариб ҳамаи занон ин аломатҳоро ҳангоми ҳомиладорӣ эҳсос мекунанд. Аммо баъзан нишонаҳои аҷиб ё ҳодисаҳои аҷибе дар ин маврид рух медиҳанд, ки даҳони инсон аз шунидани онҳо боз мемонад.

Дар иттифоқе нодир, кӯдаки се солае дар кишвари Перу, як ҷанин дар шиками худ нигаҳдорӣ мекунад.

Ба гузориши шабакаи RT-ии Русия, падари ин кӯдак баъд аз гилояи фарзанди се солааш аз дарди меъда, вайро ба бемористон мебарад.

Пас аз ташхиси ултрасадо, табибон муайян карданд, ки дар дохили шиками кӯдак  як ҷанин мавҷуд аст. Ҷанин бародари дугоники тифл аст, ки ба ҷои калон шудан дар батни модараш дар батни кӯдаки сесола калон шудааст.

Ин мавриди нодир дар ҳар 500 ҳазор таваллуд, як бор иттифоқ меафтад. Ҷарроҳ пас аз баровардани ҷанини 25 см аз шиками кӯдаки сесола, эълом дошт: Ҷанин дар шиками ин кӯдак хеле кам афзудааст ва вазнаш танҳо як килограмм буд.