Июл 25, 2016 18:19 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии Ҳизбуллоҳи Лубнон аз оддӣ шудани равобити режимҳои Саудӣ ва Исроил

Масъулони аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон, иқдоми Арабистонро дар оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ, хиёнат ба Қудс ва Ҳарамайни Шарифайн, арзёбӣ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии лубнонии ал-Аҳд, Шайх Набил Қовуқ- ноиби раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон, рӯзи якшанбе, иқдоми Арабистонро дар оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ ва баргузории нишастҳои паёпай бо саркардагони ин режим, хиёнат ба Фаластин, Қудс ва Ҳарамайни Шарифайн донист ва бар зарурати маҳкӯмияти ин кишвар дар Иҷлоси сарони арабӣ, таъкид кард.

Муҳаммад Раъд, раиси Ҷиноҳи вафодорӣ ба муқовимат, дар порлумони Лубнон низ ҳаргӯна иртиботи ҳокимони минтақа бо режими саҳюнистиро хифатбор донист ва аз ин ки силоҳи ин ҳокимон ва пулҳои миллиардии онон, барои муҳосира ва тазъифи муқовимат дар кишварҳо ба кор гирифта мешавад, ибрози таассуф кард.

Анвар Ишқӣ- раиси Маркази таҳқиқоти роҳбурдӣ ва генерали пешини Арабистон, ҳафтаи пеш дар садри ҳайате барои гуфтугӯ бо мусъулони саҳюнист аз гузаргоҳи "Карома",  дар Каронаи бохтарии руди Урдун ба Фаластини ишғолӣ рафт.

Ишқӣ пеш аз ин низ чанд бор бо мақомҳои исроилӣ дидор карда буд.

Нозирони сиёсӣ, Анвар Ишқиро канали расмии равобити режимҳои Саудӣ ва саҳюнистӣ медонанд.