Баёнияи маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Июн 28, 2021 17:58 Asia/Dushanbe
Гурӯҳи Толибон ба посгоҳи марзии Чукчуки Афғонистон ҳамла кард.
Ба гузориши маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, субҳи рӯзи 27 июни соли 2021 гурӯҳи Толибон ба полки марзбонии Афғонистон дар ноҳияи Чукчук, воқеъ дар минтақаи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла карданд.
Дар ин даргирӣ, ки то соати 12 : 50 дақиқа идома дошт, 17 низомии Афғонистон ба далели надоштани тавони муқовимат аз тариқи посгоҳи марзии 0305 ноҳияи Шаҳритӯс ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.
Марзбонони тоҷик ҳам бо риояти ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳсосоти башардӯстона ба паноҳандагон иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикистон доданд.
Бештар бихонед:
- Таъкиди ҳуқуқдонони Афғонистон бар ғайриқонунӣ будани идомаи кори ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон
Барчасп