Ҳушдори давлати Чин ба мардум дар хусуси сел
Июн 29, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
Давлати Чин ба мардум дар хусуси боришҳои шадид ва сел дар чанд рӯзи оянда ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Пекин, идораи ҳавошиносии Чин ба мардуми шаҳри шимолу шарқии Ҷингчжоу дар музофоти Ляонин гуфтааст, ки хонаҳои худро холӣ кунанд ва дар манотиқи амн паноҳ биҷӯянд ва ба боришоти шадид омодагӣ бигиранд.
Мақомот дар устони «Ляонин» Liaoning дар шимоли шарқии Чин иқдомоти вижае барои муқобила бо сел оғоз кардаанд.
Ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон дар нуқоти мухталифи Чин бахусус ба далели наздикӣ ба обҳои озод, боронҳои сели Осиё меборад ва бо ҷорӣ шудани сел ва рониши замин зиндагии миллионҳо нафар мухтал мешавад.
Бештар бихонед:
Барчасп