Ҳушдори давлати Чин ба мардум дар хусуси сел
(last modified Tue, 29 Jun 2021 04:27:16 GMT )
Июн 29, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Чин мардумро аз боронҳои шадид ва обхезиҳо дар рӯзҳои наздик ҳушдор дод
    Ҳукумати Чин мардумро аз боронҳои шадид ва обхезиҳо дар рӯзҳои наздик ҳушдор дод

Давлати Чин ба мардум дар хусуси боришҳои шадид ва сел дар чанд рӯзи оянда ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Пекин, идораи ҳавошиносии Чин ба мардуми шаҳри шимолу шарқии Ҷингчжоу дар музофоти Ляонин гуфтааст, ки хонаҳои худро холӣ кунанд ва дар манотиқи амн паноҳ биҷӯянд ва ба боришоти шадид омодагӣ бигиранд. 

Мақомот дар устони «Ляонин» Liaoning дар шимоли шарқии Чин иқдомоти вижае барои муқобила бо сел оғоз кардаанд.

Ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон дар нуқоти мухталифи Чин  бахусус ба далели наздикӣ ба обҳои озод, боронҳои сели Осиё меборад ва бо ҷорӣ шудани сел ва рониши замин  зиндагии миллионҳо нафар мухтал мешавад.

 

Бештар бихонед: