Мухолифати дубораи Русия бо ҳузури низомии Амрико дар минтақа
Мухолифатҳои Русия бо ҳузури низомии Ғарб, бавижа Амрико ва аъзои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, ҳамчунон идома дорад.
Дар ин замина, Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон, ҳузури низомии Амрикоро дар минтақа ғайриқобили қабул донист.
Замир Кабулов дар суханоне гуфт, хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон набояд ба эъзоми дубораи низомиёни ин кишвар ба минтақа ва эҷоди пойгоҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳамсоягӣ бо Эрон мунҷар шавад.
Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карда, заминаҳои ишғоли ин ин кишварро фароҳам карданд. Ишғоли Афғонистон ба бурузи ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон мунҷар шуда ва ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддирро дар ин кишвар ва дар сатҳи минтақа афзоиш додааст.
Амрико пас аз 20 сол ҳузури низомӣ дар Афғонистон эълом кард, нерӯҳояшро то рӯзи 11 моҳи сентябри соли ҷории милодӣ (2021) аз Афғонистон хориҷ мекунад.
Бо вуҷӯди он ки ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон ҷуз бадбахтӣ ва бурузи мушкилоти ношӣ аз ноамнӣ натиҷаи дигаре надоштааст, баназар мерасад мақомҳои Амрико дар ҳоли омодасозӣ як кишвари Осиёи Марказӣ барои интиқоли нерӯҳои низомии худ аз Афғонистон ба он кишвар ҳастанд.
Баро асоси гузоришҳои мунташир шуда дар расонаҳҳои ғарбӣ, гузинаи мавриди тарҷеҳи фармондеҳи низомии Амрико минтақаи Осиё Марказӣ аст.
Ин ба таври ҳатм ошкортарин гузинаи мавриди назари Амрико талаққӣ мешавад. Чаро ки нерӯҳои Амрико аз соли 2001 то 2014 дар ин минтақа мустақар буданд, аммо аз он замон тағйироти зиёде ҳосил шудааст.
Муҳимтар аз ҳама ин ки робитаи Амрико бо се қудрати аслии хориҷӣ дар минтақа яъне Эрон, Русия ва Чин беш аз гузашта рӯ ба вихомат аст ва ин кишварҳо ба бозгашти Амрико ба минтақаи Осиёи Марказӣ тамоюле надоранд. Ба ҳамин далел аст, ки мақомҳои давлати Вашингтон бояд барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ исбот кунанд, ки манофеи молӣ ва сиёсии ҳосил аз ҳамкории Амрико бештар аз зиёни ношӣ аз нохушнудии Теҳрон, Маскав ва Пекин хоҳад буд. Бадеҳист, ки исботи ин амр барои мақомҳои ғарбӣ чандон осон нахоҳад буд. Зеро дар беш аз якдаҳаи гузашта, миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин ҳақиқат пай бардаанд, ки Амрико омода нест то ба унвони вазнаи тавозунбахш дар баробари Эрон, Русия ва Чин дар минтақа ворид амал шавад.
Дар ҳамин иртибот, коршиносон ва соҳибназарони Андешкадаи амрикоии "Carnegie" бо интишори гузорише дар ҳамин замина, хотирнишон кардааст: "Кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқае ба мизбонӣ аз пойгоҳҳои низомии амрикоӣ надоранд ва Амрико пас аз хурӯҷ аз Афғонистон бояд дар пайи роҳи ҳалҳои дигаре бошад".
Бо вуҷӯди он ки ҳузури низомии Амрико дар минтақа ҳатто аз сӯи ниҳодҳои ғарбӣ низ ғайримумкин баназар мерасад, чунин ба назар мерасад, ки давлатҳои ғарбӣ бавижа Амрико машғӯли эҷоди шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои қобили кантрол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Бархе таҳаррукоти Ғарб нишон медиҳад, ки авомили давлати Амрико дар Қирғизистону Узбекистон бештар аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фаъол ҳастанд. Бо вуҷӯди ин баъид баназар мерасад, ки Амрико битавонад аз ин кишварҳо ба унвони пойгоҳи низомӣ истифода кунад. Бавижа, ки ҳар дукишвар бештар аз 30 дарсад аз кулли иқтисоди худро ба Русия вобастаанд. Ба ҳамин далел, наметавонанд дар мавзуоти муҳимм бавижа додани пойгоҳи низомӣ ба Амрико, бинобар хости худ тасмим бигиранд.
Бештар бихонед:
- Мухолифати Русия бо истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷ аз Афғонистон
- Гузориши вижа: нигаронӣ дар Осиёи Марказӣ барои ҳузури низомиёни Амрико дар ин минтақа