Июл 05, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Омори мубталоён ба корона дар Русия рекорд зад
    Омори мубталоён ба корона дар Русия рекорд зад

Омори мубталоён ба бемории корона дар Русия дар шабонарӯзи ахир ба болотарин ҳад дар соли ҷории мелодӣ расид ва бар асоси гузориши ситоди муқобила бо корона дар Русия. беш аз 25 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ситоди муқобила бо корона дар Русия рӯзи якшанбе эълом кард: Шумори мубталоён ба корона дар Русия дар шабонарӯзи ахир 25 ҳазору 142 нафар гузориш шудааст. ки болотарин рақам дар соли ҷорӣ ( 2021 )аст.

Бар асоси ин гузориш, токунун 5 миллиону 610 ҳазору 941 нафар дар Русия ба корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, 5 миллиону 68 ҳазор нафар мудово шуда ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Омори марг бар асари корона дар Русия низ дар шабонарӯзи ахир 663 нафар гузориш шудааст, ки нисбат ба омори як ҳафта қабл ҳудуди ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯ аз оғози ҳамагирии корона дар Русия 137 ҳазору 925 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Мақомҳои Русия  ҳафтаи гузашта эълом карданд, 16 ҳазор маврид  тағйири моҳият ёфта вируси корона дар ин кишвар гузориш шудааст. Русия, ки дар чанд моҳи ахир бо вируси тағйири моҳиятёфтаи корона аз навъи англисӣ ва Африқои ҷанубӣ ва бразилиявӣ мувоҷеҳ шуда буд, дар як моҳи гузашта бо вируси Делта ё ҳиндӣ рӯбарӯ шудааст.

Токунун дар Русия наздик ба 35 миллион нафар ваксинаи корона задаанд ва мақомҳои ин кишвар ваксина заданро муассиртарин роҳ барои муқобила ва маҳори корона эълом кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп