Кремл: Иқдомоти мушобеҳи таҷовузи новшикани британиявӣ, сазовори посухе кӯбанда аст
(last modified Mon, 05 Jul 2021 07:45:57 GMT )
Июл 05, 2021 12:45 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Иқдомоти мушобеҳи таҷовузи новшикани британиявӣ, сазовори посухе кӯбанда аст
    Кремл: Иқдомоти мушобеҳи таҷовузи новшикани британиявӣ, сазовори посухе кӯбанда аст

Сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ шоми якшанбе гуфт, ки амалҳои иғвоангез, аз қабили новшикани Бритониё, ки ба обҳои ҳудудии он ҳамла мекунанд, сазовори посухи шадид буданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, «Дмитрий Песков » бо баёни ин ки он воқеаи «як иқдоми таҳрикомез  аз пеш барномарезӣ шуда» буд, гуфт вокуниши Раиси Ҷумҳурии Русия «Владимир  Путин » нишон дод, ки такрори он бо посухи Маскав  мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Вай дар ин бора тавзеҳ дод: «мушаххас аст ки вокуниши мо, кубнда хоҳад буд. Вашингтону Лондон ин иқдомро бо ҳам ҳамоҳанг карда буданд».

Пеш аз ин низ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия « Мария Захарова» низ тайи як конфаронси хабарӣ гуфт, ки яқин дорад ин иқдоми нови британивӣ бидуни мувофиқати Амрико анҷом нашудааст.

Чаҳоршанбеи гузашта  як киштии британиявӣ пас аз нақси ҳарими дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ бо тирандозии ҳушдори киштии ҷангӣ ва бомбаборони ихтори як ҷангандаи рус мувоҷеҳ шуд.

Аз замони илҳоқи Қрим ба Русия дар соли 2014 баъд аз баргузории як ҳамапурсӣ, Вашингтон ва кишварҳои ғарбӣ ва аврупоӣ чандин  даври таҳримҳоеро алайҳи Русия ба баҳонаи танишзоӣ дар шарқи Украина вазъ кардаанд ва ин дар ҳолест, ки Маскав борҳо  ин иттиҳомотро рад кардааст.