Июл 25, 2016 20:22 Asia/Dushanbe
  • Муфсидони иқтисодии Чин дар панҷаи пулиси миллӣ ва Интерпол

Пулиси Чин имсол муваффақ ба боздошт ва бозгардондани дастакам 381 нафар аз бузургтарин сориқон ва муфсидони иқтисодии фирории ин кишвар шудааст.

Ба гузориши ИРНА, ниҳодҳои қазоии Чин эълом карданд, дар чорчӯби иҷрои амалиёти мавсӯм ба "тӯри осмон", пулиси ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол, 381 нафар аз мақомот ва масъулони фосидеро, ки пас аз фасоди молӣ аз Чин гӯрехта буданд, ба кишвар бозгардонданд.

Омори давлати Чин ҳокӣ аст, ки 33 нафар аз ин афрод бо ҳамкории пулиси байналмилали Интерпол шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

Чин аз соли 2013 милодӣ бо фармони Сӣ Ҷипин-раисиҷумҳур, боздошти муфсидони молиро оғоз карда ва токунӯн тавониста аст, наздик ба 200 ҳазор нафарро дар дохили ин кишвар, шиносоӣ ва муҷозот кунад.

Бо иҷрои амалиёти "тӯри осмон", ки аз авоили соли 2015 милодӣ оғоз шудааст, токунӯн ҳазору 400 нафар аз масъулони фосиди чинӣ, шиносоӣ ва аз кишварҳои дигар ба Чин бозгардонда шудаанд ва наздик ба 600 миллион доллар аз дороиҳое, ки ин афрод дӯздида буданд ба хазонаи давлати Пекин бозгаштааст.

Барчасп