Олимпиада бидуни тамошобин
Камтар аз ду ҳафтаи дигар рақобатҳои олимпии Токиои Ҷопон бо яксоли таъхир баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вируси корона беш аз як соли пеш мӯҷиб шуд, олимпиада бо яксол таъхир ва рақобатҳо бидуни тамошочӣ баргузор шавад.
Варзишкрон дар ҳоле ки камтар аз ду ҳафта ба оғози ин рақобатҳо мондааст, вориди Токио мешаванд.
Деҳкадаи ин бозиҳо рӯзи сешанбе ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд. Ин деҳкадаи 44 ҳекторӣ, ки дорои 21 бинои истиқоматӣ ва толори ғизохӯрӣ аст, то се рӯз пас аз маросими поёнии бозиҳо фаъолият хоҳад дошт.
Деҳкада дорои як клиник низ буда ва озмоиши рӯзонаи вируси корона ва истифода аз маск, аз ҷумлаи иқдомоти эҳтиётомез аст, ки барои ҳудӯди 18 ҳазор варзишкор ва мақомоти сокин дар деҳкада барои ҷилавгирӣ аз шуюи вирус, эъмол мешавад.
Теъдоде аз тимҳои олимпӣ аз ибтидои моҳи ҷорӣ барои баргузории урдӯе қабл аз бозиҳо вориди Ҷопон шудаанд ва интизор меравад, беш аз 2 ҳазору 200 нафар то чанд рӯзи оянда вориди ин кишвар шаванд.
Бештар бихонед: