Июл 14, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Лағви таҳримҳои золимонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Эрон дар ҳадди иддао боқӣ мондааст
    Лағви таҳримҳои золимонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Эрон дар ҳадди иддао боқӣ мондааст

Пойгоҳи хабарӣ дар Амрико иддао кард, вазорати умури хориҷаи ин кишвар иқдом ба лағви бахше аз таҳримҳои тиҷории Эрон кардааст.

Пойгоҳи хабарии “The Washington Free Beacon” дар гузорише иддао кард, вазорати умури хориҷаи Амрико авохири рӯзи сешанбе Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико ин муъофият, ки интиқоли вуҷӯҳи Эрон дар ҳисобҳои маҳдӯд ба содиркунандагон дар Ҷопон ва Кореяи Ҷаубиро муҷоз медонад, имзо кардааст.

Ҳамчунин вазорати умури хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ки иҷозаи интиқоли вуҷӯҳ ба Эронро намедиҳад ва сирфан бозпардохт ба ширкатҳои ҷопонӣ ва кореяиро, ки колоҳо ва хадамоти ғайри таҳрим шудаи қабл аз ташдиди таҳримҳои Иёлоти муттаҳида тавассути давлати қаблӣ содир мекарданд, эҷод мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки лағви таҳримҳои золимонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Эрон дар ҳадди иддао боқимонда ва то кунӯн ҳеч иқдоми амалӣ ва қобили мулоҳизае аз сӯи Кохи Сафед сӯрат нагирифтааст.

Дар ҳоли ҳозири ҳудуди 7 миллиарддоллар аз дороиҳои Эрон аз маҳали фурӯши нафт ба далели таҳримҳои Амрико дар бонкҳои Кореяи Ҷанубӣ блока шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп