Чӣ афроде ба ваксинаи корона ниёз надоранд ?
(last modified Thu, 15 Jul 2021 09:53:16 GMT )
Июл 15, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Афроде, ки ба Ковид - 19 мубтало шудаанд, мумкин аст ниёзӣ ба дарёфти ваксина надошта бошанд
    Афроде, ки ба Ковид - 19 мубтало шудаанд, мумкин аст ниёзӣ ба дарёфти ваксина надошта бошанд

Ба гуфтаи муҳаққиқон бархе афрод мумкин аст, ки ниёзе ба тазриқи ваксинаи корона надошта бошанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мутолиаи ҷадид аз клиникаи Кливленд Дроуэйи Амрико нишон додааст афроде, ки ба Ковид - 19 мубтало шудаанд, мумкин аст ниёзӣ ба дарёфти ваксина надошта бошанд .
Ба гуфта муҳаққиқон ёфтаҳо нишон медиҳад уфӯнати табиӣ  эминии мушобеҳи ваксинасияро фароҳам мекунад; бинобарин афроде ки ба корона мубтало нашуданд, метавонанд дар авлавияти тазриқи ваксина қарор бигиранд .
Мутахассисон мегӯянд барои таъини мизони давомнокии эминӣ баъд аз бемории Ковид - 19  таҳқиқоти бештаре лозим аст .
То замоне ки ин додаҳо дар дастрас набошад  бархе аз мутахассисони бемориҳои уфӯнӣ тавсия мекунанд афроде ки ба корона мубтало шуданд феълан як дозаи ваксина тазриқ кунанд .
Дар ин мутолиаи болинӣ 52 ҳазору 238 нафар мушорикат доштанд .
Бо тавваҷуҳ ба маҳдудияти дар дастрас будани ваксина дар кишварҳо муҳаққиқон эълом карданд, авлавияти тазриқи ваксина бояд афроде бошанд ки то кунун ба корона мубтало нашуданд .
Доктор Монико Ганди-мутахассиси бемориҳои уфӯнии донишгоҳи Калифорния мегуяд : Ба эҳтимоли зиёди дозаҳои ваксина дар ибтидо барои афроде ки қаблан ба корона мубтало нашудаанд, гузаронда мешавад .
Як манбаи аввалияи пажӯҳишии муътабар нишон медиҳад, ки эминӣ дар баробари уфӯнати табиӣ тӯлонимуддат аст ва то 8 моҳ ва эҳтимолан тӯлонитар боқӣ хоҳад монд .
Доктор Спенсер Кролл-мутахассиси тибби дохилӣ дар шаҳри Мальборои штати Нью-Ҷерси низ мегуяд : Мизони уфӯнати дубора дар афроди қаблан олуда бисёр кам аст ва ба таври куллӣ, як сайри болинии камтар аз уфӯнати аввалияи Ковид 19-ро дунбол мекунад .
Ба гуфта Кролл афрод посухҳои эминии тағйирёбандае нисбат ба уфӯнат эҷод мекунанд, бадани бархе аз афрод ки мубтало ба уфӯнат ҳастанд системаи дифоӣ тавлид намекунанд .

Донишмандон дар ҳоли баррасии фойидаҳои тазриқи ваксина ба афроде ҳастанд, ки ба корона мубтало шуданд. Ҳамчунин онҳо дар ҳоли мутолиа ва муқоисаи эминии табиӣ бо эминии ҳосил аз тазриқи ваксина дар афрод ҳастанд .