Нахустин мавриди ибтило ба вируси корона дар олимпиадаи Токио
(last modified Sat, 17 Jul 2021 08:01:15 GMT )
Июл 17, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷавоби озмоиши як хориҷӣ дар Олимпиадаи Токио-2020 мусбат эълом шуд
    Ҷавоби озмоиши як хориҷӣ дар Олимпиадаи Токио-2020 мусбат эълом шуд

Аввалин ҳолати ибтило ба коронавирус дар деҳаи бозиҳои тобистонаи Токио, пойтахти Ҷопон, ошкор карда шуд.

Ба гузориши Ройтер, бо вуҷуди муқаррароти карантини сахтгирона Тоширо Мото, директори генералии Олимпиадаи Токио-2020, рӯзи шанбе тасдиқ кард, ки як меҳмони хориҷӣ, ки барои баргузории бозиҳо ҳузур дошт, аз ташхиси мусбат гузашт. Вай дар бораи миллияташ чизе нагуфтааст

Ин нахустин мавриди ибтило ба Ковид - 19 дар деҳкадаи бозиҳои олимпики Токио аст, мавзӯе, ки нигарониҳоро дар мавриди олуда шудан ба вируси корона дар бозиҳои олимпик, ки ҳафтаи оянда оғоз мешавад, ташдид кардааст.

Қарор аст рақобатҳои олимпики Токио, ки ба иллати ҳамагирии вируси корона  як сол ақиб афтод, бидуни тамошогар ва бар асоси муқаррароти қарантинаи сахтгирона баргузор шавад.

Вуруди варзишгарон ба Ҷопон барои ширкат дар ин бозиҳо, ки аз 23 июл то ҳашт август баргузор мешавад, оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед: