Июл 22, 2021 18:48 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи русия таъкид кард. Маскав иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба Тоҷикистон дар сурати лузум анҷом хоҳад дод.
    Муовини вазири хориҷаи русия таъкид кард. Маскав иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба Тоҷикистон дар сурати лузум анҷом хоҳад дод.

Муовини вазири хориҷаи русия таъкид кард. Маскав иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба Тоҷикистон дар сурати лузум анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Андрей Руденко, муовини вазири хориҷаи Русия гуфт: Дар сурати лузум, Русия тамоми иқдомотро барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ё таҳрикоти сарзаминии мутобиқ бо иттиҳоди роҳбурдии Русия ва Тоҷикистони анҷом хоҳад дод.

 

Ин дипломат афзуд: Мақомоти низомӣ ва сиёсии ду кишвар  иртиботи мустамарре бо ҳам доранд ва  размоишҳое ҳам бо ҳузури нерӯҳои пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон иҷро мекунанд.

Руденко идома дод, мақомоти Русия ба ҳимоят аз Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти тавони дифоӣ идома медиҳанд.

Руденко афзуд: Ақабнишинии аҷулонаи Амрико ва бархе аз кишварҳои НАТО аз Афғонистон сабаб шуд танишҳои ҷуброннопазире дар манотиқи  ороми Афғонистон эҷод шавад.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия изҳор кард, Толибон  тамоми навоҳии марзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф кардааст.

Ӯ гуфт: Созмонҳои террористии байналмилалӣ монанди ДИИШ ва ал-Қоида ҳам аз ин фурсат барои ҳузур дар ин навоҳӣ истифода мекунанд.

Ин дипломати рус афзуд: Илова бар ин, шибаҳи низомиёни хориҷӣ аз манотиқи ҷангӣ дар Ховари миёна ва шимоли Африқо низ дар талош ҳастанд, ки дар Афғонистон мустақар шаванд.

Ин мақоми рус таъкид кард: Вазъияти амниятии феълии Афғонистон  таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиё миёна аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп