Июл 25, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷавлони корона дар миёни низомиёни режими саҳюнистӣ
    Ҷавлони корона дар миёни низомиёни режими саҳюнистӣ

Манобеи саҳюнистӣ аз шуюъи корона дар як пойгоҳи ҳавоӣ ва инчунин хадамоти иктишофи низомии режими саҳюнистӣ бо номи "Амон" ва асорати даҳҳо корманди низомии он хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи низомии саҳюнистӣ имрӯз якшанбе эълом карданд, дар 24 соати ахири шуюъи вируси корона дар пойгоҳи ҳавои саҳюнистии «"Тел Ноф" шиддати бисёре ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, аз ҷумла  касоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд ду фармондеҳ, ҳашт  низомӣ ва бисёре аз хонаводаҳои халабонон ва афсароне ҳастанд, ки дар хонаҳои созмонии пойгоҳ зиндагӣ мекунанд ва тамоми  афрод қарантина шудаанд.

Ҳамчунин шуюъи корона дар идораи иттилооти низомии режими саҳюнистии мавсӯм ба «Амон » густариш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳафтаи гузашта  конфаронсе бо мушорикати бисёре аз низомиёни саҳюнист дар маконии сарбаста баргузор шуд ва ҳамин мавзӯи омили интишор вирус будааст.

Вебсайти фаластинии « Шаҳоб » ба нақл аз сухангӯи  артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, 265 низомии артиши ин режим ба корона мубтало шудаанд ва 539 нафари дигар низ дар манзил дар қарантина ба сар мебаранд.

Маълумоти Вазорати тандурустии Исроил нишон медиҳад, ки ваксинаи Pfizer барои пешгириӣ аз уфунат ба корона дар аҳолии ишғолшудаи Фаластин ҳамагӣ 64 фоиз самаранок буд.

Барчасп