Идомаи табодули оташ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Вазорати дифои Арманистон эълом кард, нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи мавзеъҳои Арманистон оташ гушудаанд.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, дар баёнияи Вазорати дифои Арманистон омадааст, низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи гузашта ҳамалоте ба манотиқи "Гегаркуник" Gegharkunik ва "Ерасх" - Yeraskh Арманистон анҷом додаанд.
Бар асоси баёнияи Вазорати дифои Арманистон, ин ҳамалот кушта ё захмӣ надоштааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон иддао мекунад нерӯҳои Арманистон алайҳи мавозеъҳои нерӯҳои Боку дар минтақаи " Калбаҷар " Kalbajar оташ гушудаанд.
Аз чанд ҳафта қабл нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар устонҳои " Сиюник" ва "Гегаркуник"-и Арманистон сеюним километр пешравӣ карда ва мустақар шудаанд, ки ҳар чанд вақт як бор миёни ин нерӯҳо дар ин манотиқ даргириҳое сурат мегирад.
Даргириҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуд ва бо вуҷуди ҳусули тавофуқи оташбас дар музокироти вазирони умури хориҷаи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маскав ин тавофуқи оташбас ба сурати мураттаб нақз шудааст.
Бештар бихонед: