Сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 27 Jul 2021 05:30:01 GMT )
Июл 27, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Шойгу барои назорат аз болои машқҳои низомии муштараки нерӯҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия ба Душанбе меояд
    Шойгу барои назорат аз болои машқҳои низомии муштараки нерӯҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия ба Душанбе меояд

Вазири дифои Русия ба зудӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сергей Шойгу барои назорат бар размоиши муштараки нерӯҳои низомии Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия вориди Душанбе мешавад.

Манобеи Вазорати дифои Русия бо таъйиди сафари Шойгу ба Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин размоиш тайи рӯзҳои 5 то 10 августи соли ҷорӣ дар наздикии марз бо Афғонистон дар минтақаи "Ҳарбмайдон " бо мушорикати низомиёни Русия, Тоҷикистону Узбекистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин размоиш ҳамоҳангӣ миёни артишҳои ин се кишвар барои муқобила бо ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон унвон мешавад.

Қабл аз сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон  генерал   Александри Лапин  фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия  аз таъсисоти низомии кишвараш дар қаламрави  Тоҷикистон боздид кард.

Гуфта мешавад боздиди ин мақоми низомии русӣ аз ин марказҳо ба манзури омодасозии муқаддамоти сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон ва ҳамоҳангии баргузории размоиши муштараки низомии Маскав, Душанбе ва Тошканд анҷом мешавад.

 

Бештар бихонед: