Ройзании намояндаи вижаи Путин бо Башор Асад
Намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар умури Сурия рӯзи душанбе дар Димишқ бо Башор Асад дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Александр Лаврентев ва Башшор Асад раисҷумҳури Сурия дар ин дидор дар бораи талошҳои муштарак ва раванди ҳамкории дуҷонибаи байни Сурия ва Русия дар иртибот бо парвандаи бозгашти оворагони сурӣ, баҳс ва табодули назар карданд.
Ҳамчунин, ду тараф бар ризояти худ аз пешрафти суратгирифта дар заминаи бозгашти паноҳҷуёни сурӣ дар натиҷаи талошҳои муштараки таъкид ва аз ҷаласаи муштараки пайгирии фаъолиятҳои конфаронси байналмилалии бозгашти паноҳандагону оворагони сурӣ, ки дар Димишқ баргузор шуд, тамҷид карданд.
Башор Асад дар ин дидор гуфт: «Сурия бо бозсозии зерсохтҳои тахрибшуда ба дасти гурӯҳҳои террористӣ, бозгардондани амнияту субот ба манотиқи озодшуда ва суръат ёфтани раванди оштӣ, ки замонаткунандаи бозгашти эмани оворагону паноҳҷуён ба хона ва кошонаи худ аст, ба таври мудовим дар талош барои бозгашти ин оворагон ба рустоҳо ва шаҳрҳои худ аст. »
Раиси Ҷумҳурии Сурия ҳамчунин аз ҳамтои руси худ барои кумакҳои башардӯстона, кумакҳои пизишкӣ ва ирсоли маҳмулаи воксани корона ба Димишқ қадрдонӣ кард.
Лаврентев низ дар ин дидор гуфт, ки Маскав омодагӣ дорад то ба ҳамкорӣ бо Сурия барои ҳалли мушкилоту мавонеъе, ки мумкин аст монеъи раванди бозгашти оворагон шавад, кумак кунад.
Бо муваффақияти артиши Сурия дар шикасти террористҳо ва барқарории амнияти нисбӣ дар ин кишвар, оворагони сурӣ дар ҳоли бозгашт ба хонаҳояшон ҳастанд.
Бештар бихонед: