Июл 31, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Идораи Амнияти Федероли Русия (FSB) аз кушта шудани ду гумонбари террористӣ дар шаҳри Тюмен хабар дод.
    Идораи Амнияти Федероли Русия (FSB) аз кушта шудани ду гумонбари террористӣ дар шаҳри Тюмен хабар дод.

Идораи Амнияти Федероли Русия (FSB) аз кушта шудани ду гумонбари террористӣ дар шаҳри Тюмен хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ, ба гуфтаи мақомоти Идораи амнияти федероли Русия ҳарду гумонбари кушташуда аз ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон буданд.

Расонаҳои маҳаллӣ дар шаҳри Тюмен гузориш  доддоданд, ки ин ду аз аъзои ҳомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ буданд.

Ба гуфта Идораи амнияти федероли Русия, онҳо қасд доштанд дар ҷойҳои серодам амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, ин ду тоҷик дар задухӯрд бо пулис кушта шудаанд. 

Бар асоси ин гузориш, маъмурон дар бозрасии аҷсод ва мошини онҳо як қабзаи атпонча, фишанг ва як коғаз бо матни савганди вафодорӣ ба ДИИШ ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи хабарии матлаъ дар шаҳри Тюмен гуфт " ин  амалиёт " бештар шабеҳи як тавтеа аст.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо муҳоҷирони корӣ буданд, ки талоши зиндагии худро мекарданд ва гумон аст, ки бо ягон ҳизбу гурӯҳ ё созмони террористӣ робита дошта бошанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп