Хуруҷи низомии Амрико, пешниёзи барқарории амният дар ғарби Осиё
(last modified Mon, 09 Aug 2021 08:04:15 GMT )
Август 09, 2021 13:04 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи низомии Амрико, пешниёзи барқарории амният дар ғарби Осиё

Ҳузури низомии Амрико дар ғарби Осиё таи солҳои тӯлонӣ сабаби вахимтар шудани авзои амниятӣ дар минтақа аз ҷумла дар Афғонистон ва Ироқ, Сурия ва ҳамчунин эҷоди танишҳои қавмӣ ва буруз ва зуҳури гурӯҳҳои террорист дар минтақа шудааст.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори Фотеҳ Алфаёз, фармондеҳи Ҳашад Алшаъбӣ (нерӯҳои мардуми)-и Ироқ бо таҷлил аз нақши роҳбурдии ин нерӯи муқовимат дар пирӯзии миллати Ироқ бар ДИИШ ва таъмини амният ва суботи ин кишвар ба нуктаи роҳбурдии муҳиме дар ин замина ишора кард.

Генерал Саломӣ гуфт, муқовимате, ки дар Ироқ шакл гирифт, амрикоиҳоро заиф ва фарсуда карда ва бо боло бурдани ҳазинаҳояшон, онҳоро байни ду шар қарор дод, ки агар бимонанд, осеб мебинанд ва агар ҳам аз Ироқ хориҷ шаванд, шикаст хурдаанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дай моҳи соли 98 дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми Қум, зимни табйини нақши таъинкунандаи шаҳид сипаҳбад Қосими Сулаймонӣ дар шикасти нақшаҳои Амрико дар Ироқ ва минтақа гуфтанд: Амрикоиҳо мехостанд, Ироқ ё шабеҳи режим тоғут бошад ё шабеҳи бархе режимҳо мисли Саудӣ, ки ба таъбири онҳо нақши гови ширдеҳро доранд, аммо Ҳоҷ Қосим ба кумаки аносури муъмин ва ҷавонони шуҷои ироқӣ ва марҷаият дар Ироқ рафт ва дар муқобили ин нақша истод ва онро хунсо кард.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки миллатҳои минтақа ва давлатҳои бархоста аз миллатҳо бидуни тардид идомаи ин ҳузури фасодбарангези Амрикоро қабул намекунанд, хотирнишон карданд: Ҳузури онҳо дар ин минтақа ва дар ҳар ҷои дигари дунё ҷуз ҷанг, ихтилоф, фитна, вайронӣ ва хароб шудани зербиноҳо ҳеч натиҷаи дигаре надоштааст ва онҳо ҳамин фасод ва вайронгариро барои Эрони азиз ва ҷумҳурии исломӣ ҳам орзӯ ва исрор доранд ва масъалаи музокира ва нишастани пушти миз, муқаддамаи он дахолатҳо ва ҳузурҳост, бинобарин ҳузури амрикоиҳо дар минтақа бояд ба поён бирасад.

Акнун аммо замони посухи муқовимат ба мутаҷовизон ва бегонагон дар минтақа аст.

Бештар бихонед: