Фаротар аз Делта, донишмандон дар ҳоли мушоҳидаи анвои ҷадиди корона ҳастанд
Бархе аз муҳаққиқон бо тавваҷуҳ ба зуҳури анвои ҷадид аз вируси корона, бовар доранд, насли ҷадиде аз ваксинаҳо ниёз аст.
Бо гузашти якуним сол аз густариши бемории Ковид -19 дар дунё, ҷаҳон бо вирусе рӯ ба рӯ аст, ки бисёр осонтар аз нусхае, ки дар авохири соли 2019 дар Вуҳони Чин зоҳир шуд, мунтақил мешавад.
Густариши мудовими вируси SARS - CoV - 2 алифбои мухталифе аз юнониро эҷод кардааст, як системаи номгузорӣ, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ (WHO) барои радёбии ҷаҳишҳои ҷадиди вируси корона истифода мешавад.
Донишмандон ҳамчунон рӯйи савияи Делта мутамаркиз ҳастанд, ки акнун ба навъи ғолиб дар саросари ҷаҳон табдил шудаву густариши он дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар айни ҳол онро дунбол мекунанд то бибинанд чӣ чизе мумкин аст рӯзе ҷойгузини он шавад.
Навъи Делта ки аввалин бор дар Ҳинд шиносоӣ шуд, ҳамчунон нигаронкунанда аст.
Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ коронаи Делтаро ба унвони як навъи нигаронкунанда табақабандӣ мекунад, ба ин маъно ки собит шудааст он қобилияти интиқолро афзоиш дода, боиси бемориҳои шадидтар мешавад ё аз мазоёи ваксинаҳову дармонҳо мекоҳад.
Муҳаққиқони чинӣ дарёфтанд, афроди олуда ба Делта 1260 баробар вируси бештаре дар байни худ дар муқоиса бо нусхаи аслии вируси корона доранд.
Дар ҳоле ки дар вируси коронаи аввалия ҳафт рӯз то эҷоди аломатҳо тӯл мекашад, коронаи Делта метавонад алоимро ду то се рӯз зудтар эҷод кунад ва ба системаи эминӣ замони камтаре барои посухгуӣ ва дифоъ медиҳад.
Бештар бихонед:
- Афзоиши тавлиди ваксинаи эронии корона
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 СҶБ
- Сабти ваксинаи “Ков Эрон Баракат” дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт