Саргардонии мусофирон бар асари лағви ҳаракати бисёре аз қаторҳо дар Олмон
(last modified Wed, 11 Aug 2021 14:05:54 GMT )
Август 11, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Саргардонии мусофирон бар асари лағви ҳаракати бисёре аз қаторҳо дар Олмон

Як нашрияи олмонӣ аз ҳарҷу марҷу лағви ҳаракати бисёре аз қаторҳо ба далели эътисоби густардаи ронандагони қаторҳо дар эътироз ба дастмуздҳову саргардонии мусофирон хабар дод.

Нашрияи олмонии “Билд” аз рӯзи гузашта эътисобҳои густардаи коркунони иттиҳодияи ронандагони қаторҳои ширкати миллии роҳи оҳани Олмон (GDL) дар эътироз ба дастмуздҳо оғоз шуда ва то 13 август идома дорад.

Бар асоси ин гузориш, ин эътисобҳо дар фасли таътилот оғоз шуда ва фишорҳои дучандонеро бар ширкати роҳи оҳани Олмон, ки дар даврони корона дучори вазъияти баде шуда буд, ворид мекунад.

Ширкати миллии роҳи оҳани Олмон эълом кард, ки ҳаракати бисёре аз қаторҳои минтақаӣ дар асари ин эътисобҳо лағв мешавад.

Ин ширкат низ ба ҳамаи касоне, ки ниёзе ба сафар надоранд, тавсия кардааст, ки сафари худро ба таъхир биандозанд.

Иттиҳодияи ронандагони қатор дар Олмон хоҳони афзоиши 14 дарсадии дастмузди коркунон ва ҳамчунин подоши 600 евроӣ ва афзоиши 18 дарсадӣ аз соли 2022 аст.

Дар ҳоле ки ширкати миллии роҳи оҳани Олмон таҳти таъсири буҳрони корона ва сели ахир дар ин кишвар қарор гирифтааст, ин аввалин эътисоб дар ширкати миллии роҳи оҳани Олмон пас аз декабри соли 2018 маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед: