Амрико таҳримҳои наве алайҳи Куба ҷорӣ кард
Вазорати хазонадории Амрико дар идомаи иқдомоти хасмонаи Вашингтон алайҳи Гавана ду мақоми вазорати дохила ва як ниҳоди низомии Кубаро таҳрим кард.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард,ки раиси бахши сиёсии вазорати дохила, раиси идораи сиёсии полиси инқилоби миллӣ ва воҳиди Tropasи deи Prevencion ( TDP )-и Вазорати нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Кубаро ба руйхати таҳримҳои худ изофа кардааст.
Вазорати хазонадории Амрико ин 2 мақоми вазорати дохила ва низ Вазорати нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Кубаро ба баҳонаи поймолсозии ҳуқуқи башар таҳрим кардааст . Вазорати хазонадории Амрико ахиран низ вазири дифо ва типи вижаи миллии вазорати дохилаи Кубаро бо иддаои мушорикати онҳо дар саркуби мухолифони давлати ин кишвар таҳрим карда буд.
Амрико то кунун борҳо ашхос ва ниҳодҳои вобаста ба Кубаро ба баҳонаҳои мухталиф таҳрим карда буд .
Куба дар 6 даҳаи гузашта ба далели мухолифат бо иқдомоти мудохилаҷӯёнаи Амрико таҳти таҳримҳои якҷонибаи ин кишвар қарор гирифта аст .
Мавзеи хасмонаи Вашингтон алайҳи Гавана бо интиқоди ниҳодҳои байналмиллалӣ мувоҷеҳ шудааст .
Созмони Миллали Муттаҳид дар чанд даҳаи ахир дар қатъномаҳои гуногун аз Амрико хостааст ба таҳриму муҳосираи иқтисодии Куба поён диҳад, аммо Вашингтон ҳамвора ба ин қатъномаҳо бетавваҷуҳ будааст.
Бештар бихонед :