Баргузории ҳамоиши ширхорагони ҳусайнӣ (а) дар Туркия
(last modified Sat, 14 Aug 2021 11:37:13 GMT )
Август 14, 2021 16:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши ширхорагони ҳусайнӣ (а) дар Туркия

Ошиқони хонадони Паёмбар (с) дар Туркия ба ёди кӯчактарин шаҳиди Карбало ҳазрати Алии Асғар (а), иҷтимои бузург дар Истанбул баргузор карданд.

Ширкаткунандагон дар Истанбул дар маросими рӯзи ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ (а) бо ҳазрати Алии Асғар (а) паймон бастанд то идомадиҳандаи роҳи имом Ҳусейн(а) ва қиёми Ошӯро бошанд.

Дар ин маросим модарон бо фарзандони ширхор гирдиҳам омаданд то садои мазлӯмияти ҳазрати Алии Асғар (а) дар воқеаи Ошӯро бошанд.

Суханронон низ дар ин маросим аз мазлӯмияти имом Ҳусайн (а) ва ёрони бо вафояш гуфтанд.

Оинҳои Ошӯро реша дар эътиқодоти мардуми Туркия дорад ва ҳамвора намоди мубориза бо зулму ҳимоят аз мазлӯм қаламдод мешавад.

Ҳазрати Алии Асғар (а) ошкортарин санади мазлӯмияти имом Ҳусайн (а) ва ҳаққонияти қиёми Карбало аст.

Имом Ҳусайн (а), ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дар оварадгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омухтанд.