Барафроштани парчами имом Ҳусайн (а) дар қалби Ню-Йорк
https://parstoday.ir/tg/news/world-i72190-Барафроштани_парчами_имом_Ҳусайн_(а)_дар_қалби_Ню_Йорк
Ошиқони Абоабдуллоҳил - Ҳусайн (а) бо баргузории ойини «Рӯзи Ҳусайн» дар яке аз хиёбонҳои Манҳеттен, барои сарвару солори шаҳидони Карбало ва ёронаш иқомаи азо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 16, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Барафроштани парчами имом Ҳусайн (а) дар қалби Ню-Йорк

Ошиқони Абоабдуллоҳил - Ҳусайн (а) бо баргузории ойини «Рӯзи Ҳусайн» дар яке аз хиёбонҳои Манҳеттен, барои сарвару солори шаҳидони Карбало ва ёронаш иқомаи азо карданд.

Дар рӯзи Ҳусайн -Дей дар Ню-Йорк, сӯгворони ҳусайнӣ дар дастаҳои азодорӣ барои имом Ҳусайн (а) синазанӣ карданд.

Наздиктарин якшанбе ба рӯзи Ошӯро дар Ню-Йорк рӯзи имом Ҳусайн ё “Ҳусайн Дей” номгузорӣ шудааст.

Дар ин маросим ҳамчунин мусулмонони Манҳеттен аз раҳгузарони хориҷӣ, ки шояд барои онҳо ин ойин тозагӣ дошт, бо шохаи гулҳои садбарги сурх ва номаҳое, ки дар он тавзеҳ дода шуда, моҷарои Карбало чӣ буда, истиқбол карданд.

Мутобиқи оморҳо, дар Амрико дастикам 2 миллион шиа зиндагӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед: