Аҳамияти нони суннатӣ дар фарҳанги Русия
Нони русӣ омехтае аз суннатҳои таърихи мардуми славян ба ҳамроҳи илми рӯз аст, ки капак намезанад ва тозагии худро аз даст намедиҳад.
Ба гузориши бахши байналмилалии Хабаргузории садо ва симо аз Санкт – Петербург, дар Русия нонҳое пухта мешавад, ки ба сурати суннатӣ зуд хароб намешаванд.
Бо вуҷуди рутубати боло, ин нонҳо ҳатто капак ҳам намезанад, аммо рамзу розу кайфияти ин нонҳо дар чист?
Маъруфтарину пуртарафдортарин ва дар айни ҳол содатарин нон дар ин сарзамин “Столичний хлеб” ном дорад, ки тарҷумаи он мешавад “нони пойтахт”.
“Столичний хлеб” агар биришта (тафдода) шавад, каме маззаи нони “сангак”-и эрониро медиҳад, аммо ба он хушмаззагӣ нест. Дар иваз ин нонро мешавад то чанд рӯз бидуни хароб шудан истифода кард.
Дар Русия навъҳои зиёди нонҳои суннатии дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бо дастуруламалҳои гуногун таҳия ва роҳии бозор мешаванд.
Бештари нонҳои русӣ дар корхонаҳои бузурги пухти нон таҳия ва тақсим мешаванд, ба ҳамин далел дар Русия мардум одат доранд то нони мавриди ниёзи худро аз мағозаҳо ё фурӯшгоҳҳо харидорӣ кунанд.
Таъму кайфияти пухти анвои нон ба шиддат таҳти назорати созмонҳои давлатӣ аст.
Бештар бихонед:
- Пухти анвои нон дар шаҳри Хуҷанд
- Шаҳри Душанбе мизбони ҷашнвораи нон
- Вуруди “нони барбарӣ” –и эронӣ ба суфраи мардуми Қазоқистон + видео