Поёни амалиёти хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон эълом шуд
Раиси ҷумҳурии Амрико дар баёнияе поёни таҷовузи низомии 20 солаи ин кишвар дар Афғонистонро эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», Ҷо Байден баъд аз он ки Пентагон парвози охирин ҳавопаймои бории Амрико аз фурудгоҳи Кобулро эълом кард, дар баёнияе гуфт, ки ҳузури низомии 20 солаи Амрико дар Афғонистон ба поён расид.
Маккензи, фармондеҳи нерӯҳои террористии амрикоӣ дар минтақаи Ғарби Осиё низ соате пеш дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, ки охирин ҳавопаймои бории Си - 17 Амрико аз фурудгоҳи байналмилалии Кобул парвоз кардаву амалиёти тахлияи нерӯҳо аз Афғонистон ба поён расидааст.
Байден низ гуфт: Поён додан ба маъмурияти хуруҷи ҳавоии нерӯҳо аз Афғонистон тавсияи раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ва фармондеҳони майдонӣ буд, ки ба назари онҳо ин беҳтарин равиш барои муҳофизат аз ҷони низомиёни амрикоӣ аст.
Сооте қаблтар низ шабакаи хабарии Эн Би Си Нюс оморҳое аз амалиёти тахлияи нерӯҳои амрикоӣ ва ҳамкорони нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ироа карда ва ба нақл аз як мақоми Кохи Сафед навишт: Амрико пас аз тасарруфи Афғонистон тавассути Толибон дар миёнаи моҳи август 116 ҳазору 700 нафарро аз Афғонистон хориҷ ва ё хуруҷашонро осон кардааст.
Амрико ва муттаҳидонаш пас аз бист соли ҳузури низомии шикастхӯрда дар ҳоле аз Афғонистон ақибнишинӣ мекунанд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷуз густариши терроризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамниву куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст.
Бештар бихонед: