Таҳаққуқи даромади молиётӣ дар Тоҷикистон
Сентябр 02, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
Вазорати молияи Тоҷикистон аз таҳаққуқи даромади пешбинӣ шудаи буҷети давлат тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ даромади давлати Тоҷикистон ба 15 миллиарду 400 миллион сомонӣ будааст, ки 5 дарсад бештар аз мизони даромад дар барномаи таъин шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳудӯди 70 дарсади даромади давлати Тоҷикистон аз дарёфти молиёт будааст.
Молиёт бар ҳуқуқ ва дастмузд, молиёт бар арзиши афзӯда, молиёти иҷтимо аз умдатарин манобеи таъмини буҷети Тоҷикистон аст.
Барчасп