Сентябр 05, 2021 12:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳафтумин нишасти маҷозии Шӯрои байналмиллалии бумишиносии ИДМ

Ҳафтумин нишасти маҷозии Шӯрои байналмиллалии бумишиносии кишварҳои ҳамсуд ё ИДМ баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Маҷмаъи байнпорлумонии кишварҳои узви ИДМ аз баргузории ҳафтумин ҷаласаи Шӯрои байналмиллалии бумишиносии ИДМ ба сурати маҷозӣ хабар дод.
Дар ин ҷаласаи намояндагони ниҳодҳои муҳити зисти кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва ҳамчунин Кумитаи иҷроии ҳамсуд, кумитаи иҷроии Шӯрои барқ ва  дабири Комиссиюни доимии Маҷмаъи байнипорлумонии ҳамсуд ширкат карданд .
Дар ибтидои ин ҷаласа Мағзум Мирзогалиев-вазири экология, заминшиносӣ ва манобеи табиии Қазоқистон ба унвони раиси Шӯрои байналмиллалии бумишиносии кишварҳои ҳамсуд интихоб шуд .
Дар ин иҷлос ширкаткунандагон бар беҳбуди асарбахшии ҳамкорӣ дар заминаи экологӣ, ҳифозат аз муҳити зист ва ҳамчунин мубориза бо тағйири ҷаҳонии иқлим мутамаркиз шуданд .
Суханронии Александр Корбот-вазири манобеи табиӣ ва ҳифозат аз муҳити зисти Беларус дар мавриди таҷрибаи ин кишвар дар гузори тадриҷӣ аз истифодаи бастабандии полимерӣ ба бастабандиҳои созгор бо муҳити зист тавваҷуҳи ширкаткунандагонро ба худ ҷалб кард.
Илова бар ин аъзои ин шӯро дар мавриди муаррифии аҳдофи тавсеаи пойдор дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд табодули таҷриба ва мавзӯъоти ҳамкорӣ дар заминаи тавсеаи парвариши моҳиро баррасӣ карданд.
Иҷлоси баъдии Шӯрои байналмиллалии бумишиносии кишварҳои узви ИДМ қарор аст соли 2022 дар Русия баргузор шавад .

 

Барчасп