Куба ба унвони аввалин кишвар ба кӯдакон воксан тазриқ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i73250-Куба_ба_унвони_аввалин_кишвар_ба_кӯдакон_воксан_тазриқ_кард
Куба рӯзи душанбе ба унвони аввалин кишвар дар ҷаҳон ваксинатсияи кӯдакони 2 то 11 - ро оғоз кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 07, 2021 04:52 Asia/Dushanbe
  • Куба ба унвони аввалин кишвар ба кӯдакон воксан тазриқ кард

Куба рӯзи душанбе ба унвони аввалин кишвар дар ҷаҳон ваксинатсияи кӯдакони 2 то 11 - ро оғоз кард.

Ба гузориши ИРНА, Куба бо 11. 2 миллион нафар ҷамъият қасд дорад қабл аз бозкушоии мактабҳо, ки бештари онҳо аз марти 2020 таътил шудаанд, ҳамаи кӯдакони худро ваксина кунад.

Ин кишвар пас аз такмили озмоишоти болинӣ бар рӯи хурдсолон бо воксанҳои Обдоло ва Суброно рӯзи ҷумъа маъракаи ваксинатсияи кӯдакон аз 12 сол ба болоро оғоз кард.

Куба ҳамчунин аз рӯзи душанбеи ваксинатсияи кӯдакон дар гуруҳи синнии 2 то 11 солро низ шуруъ кард.

Илова бар Куба то кунун чанд кишвари дигар дар ҷаҳон ваксинатсияи кӯдаконро аз синни 12 солагӣ оғоз кардаанд ва бархе аз онҳо дар мавриди бачаҳои кӯчактар озмоиш анҷом медиҳанд.

Куба дар моҳи гузашта муҷаввизи истифодаи изтирории 2 воксани тавлидии донишмандони ин кишвар ба номи Суброно - 02 ва Суброно плюсро илова бар воксани Обдоло тасвиб кард.

Донишмандони Куба бо вуҷуди ташдиди таҳримҳои Вашингтон алайҳи Гавана муваффақ ба тавлиди 20 миллион доза воксани Обдоло алайҳи Ковид - 19 шуданд.