Путин дар нишасти Душанбе ҳузур нахоҳад дошт
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ба далели афзоиши гирифторони коронавирус миёни атрофиёнаш, худро қарантин кардааст.
Ба гузориши «Спутник», Кремл хабар додааст, ки ба далели ошкор шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус миёни атрофиёни раиси ҷумҳурии Русия, ӯро зарур аст, ки низоми худинзивоиро риоя намояд.
Хабар дода шудааст, ки ба ҳамин далел раиси ҷумҳурии Русия дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ҳафтаи равон дар Душанбе баргузор мешавад, тариқи онлайн ширкат мекунад.
Қаблан интизор мерафт, Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид кунад ва оғози сафараш ба Душанбе аз 15 сентябр дар назар буд.