Парандаи ҷосуси неруи ҳавоии Амрико дар тӯри падофанди ҳавоии Русия
(last modified Wed, 29 Sep 2021 11:38:00 GMT )
Сентябр 29, 2021 16:38 Asia/Dushanbe
  • Парандаи ҷосуси неруи ҳавоии Амрико дар тӯри падофанди ҳавоии Русия

Вазорати дифои Русия аз муваффақияти воҳиди радарӣ ва падофандии Русия дар расади як ҷети ҷосусии Амрико ва эскорти он аз сӯи як ҷангандаи Су - 27 хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, дар ин гузориш омадааст, ки як фарванд ҷангандаи Су - 27 ба манзури шиносоии ҳадафи ҳавоӣ ва ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба марзҳои Русия, озими ин маъмурияти ҳавоӣ шуд.

Ба гуфтаи маркази контроли дифои миллии Русия, хадамаи Су - 27 ин ҳадафи ҳавоиро ҳавопаймои ҷосусии Ор Си - 135 неруи ҳавоии Амрико шиносоӣ карда ва бидуни иҷозаи убур аз марзи Русия, ин ҳавопайморо бар фарози дарёи Сиёҳ эскорт кардаанд.

Дар баёнияи Вазорати дифои Русия омадааст: Пас аз дур шудани ҳавопаймои низомии хориҷӣ аз марзи федератсияи Русия, ҷанганда ба пойгоҳи худ бозгашт.

Вазорати дифои Русия якшанбе низ аз шиносоӣ ва раҳгирии як бомбафкани роҳбурдии Амрико аз сӯи ҷангандаҳои худ наздики марзҳои Русия хабар дод.

Дар баёнияи Вазорати дифои Русия таъкид шудааст, ки бомбафкани амрикоӣ қабл аз убур аз марзи Русия раҳгирӣ шудааст.

Кишварҳои узви НАТО ба таври маъмул ҷетҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини худро барои гаштзанӣ наздики марзҳои Русия, ба вижа марзҳои ғарбии ин кишвар эъзом мекунанд. Неруи ҳавоии Русия низ ба навбати худ ҷангандаҳои худро барои дафъи ҳавопаймоҳое ки беш аз ҳад ба марз наздик мешаванд ,ба маъмурият мефиристад.

 

Бештар бихонед: