Раиси ҷумҳурии пешини Фаронса дар додгоҳи муттаҳам шинохта шуд
(last modified Thu, 30 Sep 2021 15:09:31 GMT )
Сентябр 30, 2021 20:09 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии пешини Фаронса дар додгоҳи муттаҳам шинохта шуд

Раиси ҷумҳурии пешини Фаронса дар додгоҳи ин кишвар муттаҳам ба фасоди молӣ дар интихобот шуд .

Ба гузориши Спутник, додгоҳи Фаронса имрӯз панҷшанбе Николо Саркози-раиси ҷумҳурии пешини ин кишварро ба таъмини ғайриқонунии маблағи молӣ барои маъракаи интихоботии худ дар соли 2012 муттаҳам кард .
Ин дар ҳоле аст, ки Саркози дар додгоҳ ҳузур надошт, то ҳукми додгоҳ ба ӯ эълон шавад .
Шабакаи Алҷазира низ эълом кард додгоҳи Фаронса як сол зиндон барои Саркози ба иттиҳоми фасоди молӣ дар интихобот содир кардааст .
Бинобари эъломи додсарои Порис, ҳизби Иттиҳод барои ҷумбиши мардуми Фаронса, ки Саркози номзади интихоботиаш буд, 42 миллиону 800 ҳазор евро яъне наздик ба ду баробар бештар аз сақфи ҳазинаҳои қонӯнӣ ( 22 миллиону 500 ҳазор евро ) барои муборизоти интихоботии номуваффақи соли 2012 ҳазина кард ва ин корро аз тариқи фоктурсозиҳои сохтагии ширкати Бигмолион анҷом додааст .
Бо ин ҳол Саркози дар додгоҳ ҳар гуна таъмини буҷет дар корзори номуваффақи интихоботии худ дар соли 2012-ро рад кард ва гуфт ки ҳазинаи интихоботу корзорҳо аз вазоифи раиси ҷумҳӯр ва номзади интихоботӣ нест .