Таъкиди Путин бар идомаи ҳамкориҳои муштараки Русия ва Чин
Раиси ҷумҳурии Русия дар паёме ба ҳамтои чинии худ барои идомаи ҳамкориҳои муштарак байни Маскав ва Пекин таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар паёме ба Си Ҷинг Пин, раиси ҷумҳурии Чин дар ҳафтодудуюмин солгарди таъсиси ҷумҳурии халқи ин кишвар ибрози итминон дод, ки тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ба ҳар тариқи мумкин идома хоҳад ёфт.
Владимир Путин дар ин паём таъкид кард, ки идомаи густариши ҳамкории Русия ва Чин комилан бо манофеи мардуми ду кишвар ва талош барои таъмини амнияту суботи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқат дорад.
Раиси ҷумҳурии Русия хотирнишон кард, аз назари равобити дуҷониба, Маскав ва Пекин мушорикати ҳамаҷониба ва таомули стратегиро дунбол мекунанд.
Пас аз поёни ҷанги сард, равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва таслеҳотии Русия ва Чин сайри суъудиро тай кардааст ва ду кишвар маҷмӯае аз аҳдофи ҷаҳонӣ ва минтақаиро бо риояти мулоҳизоти сиёсии якдигар пайгирӣ мекунанд.