Ҳоли гурезаҳои афғон дар сарҳади Беларус ва Полша
(last modified Tue, 05 Oct 2021 13:55:19 GMT )
Октябр 05, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳоли гурезаҳои афғон дар сарҳади Беларус ва Полша

Як гурӯҳи муҳоҷирони афғон тайи ду моҳ аст, ки дар марзи Беларус ва Лаҳистон рӯзҳои душворе доранд.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Аз 18 август 32 нафар муҳоҷири афғон дар марзи ду кишвар ба сар мебаранд.

Муҳоҷирон дар замини ботлоқ хайма рост кардаанд.

Аввал онҳо тавонистанд ғайриқонунӣ аз сарҳади Лаҳистону Беларус убур кунанд, аммо баъдан онҳоро дар шаҳрҳои Лаҳистон боздошт карда ва ба марз баргардониданд. 

Инак афғонҳоро аз як тараф ҷангалҳои васеи Беларус ва аз тарафи дигар симхори сарҳади Лаҳистон иҳота мекунанд.

Як  муддати тӯлонӣ муҳоҷирон ҳатто хайма надоштанд.

Ҳам занону ҳам кӯдакон дар зери осмони кушод мехобиданд. Чанд ҳафта пеш онҳо як урдугоҳи  хаймаҳоро соҳиб шуданд. Боридани борон ва тар шудани хаймаҳо вазъи онҳоро мушкилтар мекунад, зеро ҳамвора дар ҳоли нишаста хобанд.

Муҳаммад Шабед ном гурезаи афғонӣ мегӯяд: “Ду нафар ҳамеша дар назди гулхан навбатдоранд,  то оташ хомӯш нашавад.  Вақте ки борон меборад, навбатдорон намехобанд, мегирянду ибодат мекунанд. Бисёриҳо беморанд, мушкили шикам доранд, чун тановули дурусте ҳам надоранд. Мо ду моҳ боз дар чунин аҳволем. Либоси чиркину намнокро дар симхори сарҳад хушконида мегирем.  Одамони хубе ҳам пайдо мешаванд, ки гоҳе кӯмак мекунанд”.

Аз 6,531,526 паноҳандагони афғон дар ҷаҳон 1 миллионашон дар Аврупо ҳастанд.