Ноябр 08, 2016 15:04 Asia/Dushanbe
  • Клинтон пештози охирин назарсанҷиҳои интихоботи Амрико

Дар ҳоле ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико имрӯз ба таври расмӣ оғоз шудааст, охирин назарсанҷиҳо баёнгари он аст, ки Клинтон чаҳор дарсад пешқадамтар аз Трамп аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар охирин талошҳои таблиғотии худ ваъда дод, агар раиси ҷумҳур шавад, авзои ин кишварро беҳбуд бахшаду дар муқобил Доналд Трамп, рақиби ҷумҳурихоҳ гуфт, ки ба фасоди сиёсӣ дар Амрико поён хоҳад дод.

Ҳудуди 47 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷиҳо ба Клинтон ва ҳудуди 43 дарсади онҳо гуфтаанд, ки ба Трамп раъй медиҳанд.

То кунун наздик ба 45 миллион нафар бо ширкат дар раъйгирии зудҳангом орои худро сабт кардаанд, ки гуфта мешавад, ширкати ин теъдод аз мардум дар раъйгирии зудҳангом дар Амрико бесобиқа аст.