Оғози раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7528-Оғози_раъйгирии_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Амрико
Панҷоҳу ҳаштумин интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба таври расмӣ оғоз шуд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Ноябр 08, 2016 13:34 Asia/Dushanbe

Панҷоҳу ҳаштумин интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба таври расмӣ оғоз шуд.

Ба иттилои шабакаи телевизионии CNN, мардуми Амрико пас аз ҳудуди ду сол рақобатҳои шадиди интихоботӣ, рӯзи сешанбе пои сандуқҳои раъй ҳозир мешаванд, то раъйи худро барои интихоби чиҳилу панҷумин раисҷумҳури ин кишвар ба сандуқ биандозанд.

Бо оғози раъйгирӣ дар Амрико аввалин раъй дар минтақаи Диксвилли иёлоти Ню-Ҳемпшир ба сандуқ андохта шуд.

Беш аз 40 миллион амрикоӣ низ дар раъйгирии зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар ширкат карда буданд.

Дар тозатарин назарсанҷиҳо Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ чаҳор дарсад аз Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон пеш аст.