Мудири кулли ожонс: Ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ бояд маҳкум шавад
(last modified Thu, 14 Oct 2021 04:51:15 GMT )
Октябр 14, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Мудири кулли ожонс: Ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ бояд маҳкум шавад

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гуфтугӯе перомуни террори донишмандони ҳастаӣ ва харобкорӣ дар таъсисоти атомии Эрон, бо ироаи як мавзеъгирии инфиъолӣ ва дерҳангом гуфт: Ҳар навъ ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастаӣ бояд маҳкум шавад.

Рофаэл Грусӣ дар гуфтугӯ бо нашрияи “Энержи интеллиҷенс” бо баёни ин ки конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо тасвиби чандин қатънома дар гузашта дар ин маврид бисёр сариҳ ва шаффоф будааст, афзуд: Баробари ин қатъномаҳо, ҳар навъ ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастаӣ бояд маҳкум шавад.

Пас аз ҳодисаи харобкорона дар сайти Натанз, Козими Ғарибободӣ, сафиру намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена эълом кард: Аз мудири кулли ожонс хоста шудааст то зимни иттихози мавзеи шаффоф дар хусуси ҳамла ба Натанз, ин иқдоми террористиро маҳкум кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки мутобиқи асосномаи ожонс, ин ниҳоди байналмилалӣ илова бар вазифаи назоратии худ, муваззаф аст аз зарфиятҳои худ аз доштаҳои ҳастаии аъзо сиёнат кардаву ҳар гуна хадша ба онҳоро пайгирӣ кунад. Аммо ожонс ба ин вазифаи худ амал накард ва дар мавриди Эрон кӯтоҳӣ кард.