Трамп Клинтонро пушти сар гузошт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7558-Трамп_Клинтонро_пушти_сар_гузошт
Бо эъломи натоиҷи орои шуморишшудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар 25 иёлоти ин кишвар, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон аз рақиби демократи худ пеш афтод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 09, 2016 07:02 Asia/Dushanbe
  • Трамп Клинтонро пушти сар гузошт

Бо эъломи натоиҷи орои шуморишшудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар 25 иёлоти ин кишвар, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон аз рақиби демократи худ пеш афтод.

Ба иттилои шабакаи хабарии CNN, Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тавониста бо касби аксарияти оро дар 16 иёлот аз 25 иёлоте, ки раъйи онҳо шумориш шудааст, аз Ҳилларӣ Клинтон, рақиби худ дар Ҳизби демократ пеш биафтад.

Ин дар ҳолест, ки дар 9 иёлоти дигар Клинтон, раъйи бештареро касб кардааст.

Бар асоси bн гузориш, токунeн аз маҷмуи кулли орои шуморишшуда 27 миллиону 770 ҳазору 272 раъй ба Доналд Трамп ва 26 миллиону 733 ҳазору 203 раъй ба Ҳилларӣ Клинтон ихтисос пайдо кардааст.

Ҳамчунин Трамп 137 раъй ва Клинтони 104 раъй аз Электрал Коллеҷ дарёфт кардаанд.

Ҳар кадом аз номзадҳо, ки 270 раъйи Электрал Коллеҷро ба даст оварад, баунвони раисҷумҳури ҷадиди Амрико ба Кохи Сафед роҳ пайдо хоҳад кард.